Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Вақти он омад, ки азми кӯи шайдоӣ кунам,

Вақти он омад, ки азми кӯи шайдоӣ кунам, Бо хаёли чашми мастат бодапаймоӣ кунам. Нақди ҳастӣ бар дари дуккони қаллошӣ ниҳам, Рахти дониш бар сари бозори расвоӣ кунам. Ман чу мурғи баҳр гаштам, фориғам аз хокиён, Иттисол он беҳ, ки бо мурғони дарёӣ кунам. Зар шавам, гар сиккаи меҳри ту ёбад гавҳарам, Дур шавам, гар пеши ту даъвии лолоӣ кунам. Гуфт моҳи осмон: Ман мурғи Исо нестам, То назар дар шоҳиди шабгарди ҳарҷоӣ кунам. Ман инон печидаам имшаб ҳавасро аз ҷаҳон, Мустаидди хидматам, то ҳар чӣ фармоӣ, кунам. Заҳр гардонам шакарҳо дар даҳони тӯтиён, Гар чу Носир бо лаби лаълат шакархоӣ кунам.