Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Аз ман макун ҷудоӣ, эй ёри нозанинам,

Аз ман макун ҷудоӣ, эй ёри нозанинам, К-аз дурии ту, ҷоно, бо дарди дил қаринам. Доман чӣ мефишонӣ аз ман, ки хоки роҳам, Аз ман чӣ мекаши по, ман камтар аз заминам. Ман зарраам, валекин савдои меҳр дорам, Ман фониям, валекин бо рӯҳ ҳамнишинам. Ҷуз лаъли ту нагунҷад дар ақли хурдадонам, Ҷуз қоматат наёяд дар чашми ростбинам. Чун моҳ мегудозам аз меҳри ту, валекин Меҳри ту то қиёмат нақш аст бар ҷабинам. Аз нолаи саҳаргаҳ эмин мабош, эй маҳ, То хирманат насӯзад аз оҳи оташинам. Гуфто рақиб: - То кай мастӣ зи ишқ, Носир? Ман худ чунин нагаштам, ӯ сохт инчунинам.