Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба пурсише дили ман шод кун, ки ғамгинам,

Ба пурсише дили ман шод кун, ки ғамгинам, Бибахшам аз лаби худ бӯсае, ки мискинам. Ҳалокгаштаи он ғамзаҳои хунрезам, Бабодрафтаи он турраҳои мушкинам. Манеҳ, ки ҳайф бувад бар лаби ту ҷоми шароб, Чунон макун, ки шавад талх айши ширинам. Ба хуни ман чӣ барӣ панҷаро ба қабзаи теғ, Ки куштаи ту ба сарпанҷаи нигоринам. Чу нури чашм наӣ як дам аз назар ғоиб, Вале чӣ суд, ки ҳаргиз туро намебинам. Бароям аз дилу дин, гар бад-ин назар дорӣ, Ки аз қабули ту коре барояд аз инам. Шабе, ки гуфтаи Носир, ҳаме барам ба забон, Муқаддасони фалак мекунанд оминам.