Туро, эй моҳи меҳрафрӯз, чандоне ки мебинам,
Туро, эй моҳи меҳрафрӯз, чандоне ки мебинам,
Нахоҳад дар канор омад ба ҷуз ашки чу Парвинам.
Маро мастӣ бувад ойину оина майи равшан,
Магар он луъбати соқӣ намояд рӯ дар оинам.
Гиребон медарам чун гул ба бӯйи сунбули зулфат,
Зи олам ғунчавор он беҳ, ки доман танг дарчинам.
Ба шабҳои фироқат нест дар тобу таби ҳиҷрон,
Ба ғайр аз шамъ дилсӯзе, ки ӯ гиряд ба болинам.
Ба зулфат бастаам дилро, ки ман Маҷнуни Лайлоям,
Ба талхӣ медиҳам ҷонро, ки ман Фарҳоди Ширинам.
Чу шамъи равшанам аз ҷон, бигӯ, бархез, то хезам,
Чу уди хом бар оташ, бигӯ, биншин, ки биншинам.
Баҳои куфру зулфи ту дилу дин медиҳад Носир,
Зиҳӣ давлат, ки ин савдо барояд аз дилу динам.