Масти ишқам, порсоӣ чун кунам?
Масти ишқам, порсоӣ чун кунам?
Маҳв гаштам, худнамоӣ чун кунам?
Оқилон гуфтанд: - Баргард аз ҳабиб,
Ошиқам ман, бевафоӣ чун кунам?
Ақл фармояд: - Зи дилбар шав ҷудо,
Ман зи ҷони худ ҷудоӣ чун кунам?
Васли ӯ дидам, надорам тоби ҳаҷр,
Салтанат кардам, гадоӣ чун кунам?
Ҳаст ҳусну хулқи ӯ бо ҳам ғариб,
Бо ғарибон ошноӣ чун кунам?
Мурғи ҷонро чун ҳавои ишқи ӯст,
Ман бад-ин ҷони ҳавоӣ чун кунам?
Носиро, ҳиҷрон ҳам аз ҳукми Худост,
Чораи ҳукми худоӣ чун кунам?