Мешавӣ ғоиб зи ман, то ман зи худ ғоиб шавам,
Мешавӣ ғоиб зи ман, то ман зи худ ғоиб шавам,
Дар талаб ҳайрон бимонам, аз сарат толиб шавам.
Гар чу булбул нолам, эй гул, муддате гардӣ ниҳон,
Дар ҷафо ғолиб шавӣ, чун дар вафо ғолиб шавам.
Дарҷи ёқуту гуҳарро қуфли марҷон бастаӣ,
Гар ба бӯсе бишканам қуфли туро, ғолиб шавам.
Гар ҳамехоҳӣ, ки буррад зарби шамшерат сарам,
Дасти ту нозук бувад ман хештан зориб шавам.
Аз заифӣ ончунон гаштам, ки бар гулгуни ашк
Гар касе гирад рикобам, солҳо рокиб шавам.
То ту фармудӣ, ки хоҳам хуни Носир рехтан,
Дам ба дам ман бар вафои ваъдаат роғиб шавам.