Бо зулфи беқарори ту ором кардаем,
Бо зулфи беқарори ту ором кардаем,
Рӯзи ҳаёти хеш бад-ӯ шом кардаем.
Ҳар гаҳ, ки дод соқии ишқи ту дурди дард,
Дилҳо кабобу косаи сар ҷом кардаем.
Бар чашму бар лаби ту ниҳодем чашми дил,
Мастем, хӯ ба пиставу бодом кардаем.
Аз мо маҷӯй номи накӯ, з-он ки дер боз
Худро ба кӯйи ишқи ту бадном кардаем.
Андом нест кори ҷаҳонро ба ҳеч рӯй,
З-он рӯ ба шоҳидони гуландом кардаем.
Гавҳар ба ҷойи дона фишондем аз ду чашм,
Аз баҳри сайди васли ту дил дом кардаем.
Носир ба теғи тези забон чун ҷаҳон гирифт,
Акнун ниёми теғи худ аз ком кардаем.