Cубҳдам ёди ту кардему дуое гуфтем,
Cубҳдам ёди ту кардему дуое гуфтем,
Ба хаёли ту саломею саное гуфтем.
Нисбати ҳоҷиби ту халқ зи мо пурсиданд,
Моҳи якрӯзаи ангуштнамое гуфтем.
Новаки чашми туро қосиди ҷоне хондем,
Турраи зулфи туро доми балое гуфтем.
Фош шуд рози ту аз най, гунаҳи мост, ки мо
Сирри пӯшида ба ҳар бесарупое гуфтем.
Шарҳи асрори ту тақрир накардем тамом,
Мухтасар - мухтасару ҷой ба ҷое гуфтем.
Ҳама ушшоқ ба дарди дили худ дармонданд,
Мо зи бадномию риндӣ-ш дуое гуфтем.
Дӣ ба Носир сухане рафт зи васли ту, дареғ,
Рози султони ҷаҳон пеши гадое гуфтем.