То бихандид лабат, воқифи асрор шудем,
То бихандид лабат, воқифи асрор шудем,
То бидидем рухат, толиби дидор шудем.
Бод бӯйи ту шабе аз хуми хаммор овард,
Мо бад-он бӯй муқими дари хаммор шудем.
Дар қадаҳ ранги лабат буд, лабаш бӯсидем,
Мутриб аз ишқи ту нолид, бад-ӯ ёр шудем.
Сари мо бори гарон буд, зи дӯш афкандем,
Ишқи ту роҳи дароз аст, сабукбор шудем.
Ҷуръа бар хок фишондӣ туву моро нарасид,
Мо ба даври ту ба якбор чаро хор шудем?
Муддаӣ, беш ту бо мо сухан аз зуҳд магӯ,
Ки ҳам аз номи худу нанги ту безор шудем.
Чун қалам рост ту бар роҳи яқин бош, ки мо
Гирди ин доира саргашта чу паргор шудем.
Гарчи риндем, ба ҳар мадраса ҳозир гаштем
В-арчи мастем, ба ҳар савмаа бисёр шудем.
Дӯш дар майкада май дар сари асҳоб афтод,
Ҳамчу Носир ҳама бехирқаву дастор шудем.