Мо муқими остону осиёи дигарем,
Мо муқими остону осиёи дигарем,
Сояе дар олам афкандему ҷойи дигарем.
Тарки ҳастӣ гуфтаву бо дӯст ҳамроз омада,
Дил зи ғам хун кардаву бо дилрабои дигарем.
Гаҳ зи сирри «кофу нун» саргашта дар обу гилем,
Гоҳ аз «ло»-ию «ло» андар балои дигарем.
Гар ба зоҳир кӯза дар кӯйи қаландар мекашем,
Дар ҳақиқат сокини хилватсарои дигарем.
Хок мегардем, чун дар хештан раҳ мебарем,
Ҷони ширинем, то андар ҳавои дигарем.
Най зи мо нолидан омӯзад, ки мо дар базми хос
Бенавоёнему ҳар дам дар навои дигарем.
Як дам, эй солуси азрақпӯши саҷҷоданишин,
Моҷаро кам гӯ, ки мо дар моҷарои дигарем.
Чораи Носир маҷӯ зинҳор, эй дил, аз табиб,
З-он ки мо ранҷур бар бӯйи давои дигарем.