Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Рӯзи азал, ки дидаи маънӣ кушодаем,

Рӯзи азал, ки дидаи маънӣ кушодаем, Рӯйи ту дидаему дил аз даст додаем. З-ин хоки тира бар сари мо пову сар мабод, Гар дил бар ин дурӯза ғурураш ниҳодаем. Гар омадем дидани саҳро чу лӯлиён, Хайма намезанем, ки дар шаҳр зодаем. Эй дил, сабук зи роҳи яқин шав ба шаҳри ҷон, Ғофил машав, ки бар сари роҳ истодаем. Ин қолаби шикастаи мо хонаи гил аст, Мо нури офтоб, ки дар вай фитодаем. З-оина нур бину магӯ нури оина-ст, Май нӯш кун зи шиша, магӯ ҷоми бодаем. Носир миёни гулшани ваҳдат муқим шуд, Аз вай даре ба олами ваҳдат кушодаем.