Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар мадҳи хоҷа Убайдуллоҳвазир ва соҳибдевон
Зи офтоби рухи туст бар дили маҳ тоб, Зи тоби оташи рӯят маро чу зулф матоб. Дилам ба тоқи хами абруи ту қандил аст, Зи сӯзи шавқ фурӯзон чу шамъ дар меҳроб.
Дар мадҳи Ҷалолиддин Ҳушанг
Қади ту дод ба бод обрӯйи Тубиро, Биҳишт ҳур зи ғайрат биҳишти аълиро. Маро зи дидаи маънӣ назар ба сурати туст, Ки сурати ту намояд камоли маъниро.
Дар мадҳи яке аз бузургон
Сабо орост аз гул бӯстонро, Салои айш дардеҳ дӯстонро. Зи савти мурғ бишнав арғанунро, Зи ҷоми лола даркаш арғавонро.
Дар мадҳи мавлоно Қозӣ Шамсуддин
Субҳдам муждаи васли ту ҳамедод сабо, Олими пир ҳамеёфт аз ӯ аҳди сибо. Ҳудҳуди ҳодии сарномаи Билқис овард Мантиқ-ут-тайр ба наздики Сулаймон зи Сабо.
Дар мадҳи Ҷалолиддин Ҳушангшоҳ
Ҳаме диҳанд башорат мубашширони сабо, Ки шуд мизоҷи ҷаҳон хуш зи эътидоли ҳаво. Ба шакли сурати ойина менамояд рӯй Ҳар он латифа, ки мастур буд дар дили мо.
Дар наъти Набии акрам (с) фармояд
Эй зи таъйиди азал нақди амонатро амин, Маҳрами асрори Қуръон, ҳамдами Рӯҳуламин. Содиқи аъзам Муҳаммад, соҳиби теғу китоб, Сарвари аҳли ҳудо, сархайли асҳоб-ул
Дар наъти Саййиди мурсалин (с)
Маро чу баҳр лаби хушку дида тар бошад, Чу кӯҳ бар сари теғи забон гуҳар бошад. Маро сиёҳии дида сапед бод чу сим, Агар ба ғайри рухи зард ваҷҳи зар бошад.
Дар тавҳиди Борӣ таъоло, азза исмуҳу
Эй номи Ту тоҷи сари ҳар нома, ки хонанд, Номи Ту бихонанду нишони Ту надонанд. Гар тири назарро бинишонам ба нишона, Бо каҷназарон рост наояд, ки камонанд.
МУШУ ГУРБА
Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш, Биё, бишнав ҳадиси «Гурбаву Муш»! Бихонам аз бароят достоне, Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ.
МЕҲМОНӢ КАРДАНИ САНГТАРОШ ХУДОВАНДРО АЗ САДОҚАТ
Сангтароше буд андар кӯҳи Тур, Сангтарошӣ карду гуфтӣ, эй ғафур! Ту куҷоӣ дар миёни осмон? Чанд бошӣ пеши чашми мо ниҳон?
27. Хотима
Ба беҳтар толеу фархундатар фол, Дувум рӯз аз раҷаб дар нун, алиф, зол Ба назм овардам ин дарди дили реш, Ба ҳар кас бозгуфтам қиссаи хеш.
26. Муноҷот
Чӣ гум гардад, Худоё, аз худоит, Чӣ нуқсон ояд андар подшоит, Ки гар бечорае коме биёбад, Дилафгоре дилороме биёбад?
25. Дар хоб дидани ошиқ маъшуқро
Шабе чун шом дар фарёду зорӣ Ба субҳ овардам андар навҳакорӣ. Сабоҳе ногаҳонам хоб бирбуд, Замоне ҷонам аз зорӣ биёсуд.
24. Тамомии сухан
Дареғ, он рӯзгори шодмонӣ! Даре, он дар танаъъум зиндагонӣ! Куҷо рафт он, ки табъам шодмон буд, Умедам ҳосилу бахтам ҷавон буд?!
23. Ғазали Ҳумом: Хаёле буду хобе васли ёрон,
Хаёле буду хобе васли ёрон, Шаби маҳтобу фасли навбаҳорон. Миёни боғу ёри сарвболо Хиромон бар канори ҷӯйборон.
22. Огоҳ шудани ошиқ аз ҳоли маъшуқ
Чу ин нохушхабар дар гӯшам омад, Ба сад зорӣ дил андар ҷӯшам омад. Ҷаҳон он айши ширинам бишӯрид, Маро з-он моҳи меҳрафрӯз бибрид.
21. Дар заволи висол ва сабаби фироқ
Ман андар айшу бахтам дар камин аст, Чӣ шояд кард, толеъ гар чунин аст? Зи ногаҳ бахти ворун бар сарам тохт, Аз он хуш зиндагонӣ дурам андохт.
20. Дар сифати ҳол
Дило, то чанд аз ин суратпарастӣ?! Қадам бар фарқи ҳастӣ зан, ки растӣ?! Ғами ҳар будаву нобуда то чанд? Ҳикоят гуфтани беҳуда то чанд?
19. Дар сифати висол
Чунин зебонигоре, дилситоне, Ба раъноию хубӣ достоне. Чунон бар ошиқи худ меҳрубон буд, Ки, гӯӣ, ошиқи ҷону ҷаҳон буд.
18. Омадани маъшуқ ба хонаи ошиқ
Чу зарринбол анқои сарафроз Зи Машриқ сӯйи Мағриб кард парвоз. Ниҳон гардид шамъи гетиафрӯз, Сипоҳи шом шуд бар рӯз пирӯз.
17. Расидани ошиқ ва башорат ва инояти маъшуқ
Дар ин андеша шабро рӯз кардам, Фаровон нолаи дилсӯз кардам. Чу аз ҳадди уфуқ ҳангоми шабгир Алам бифрошт хуршеди ҷаҳонгир,
16. Ғазал: Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ?
Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ? В-араш тарс аз Худо будӣ, чӣ будӣ!...
15. Васфи баҳор
Саҳаргоҳе, ки боди субҳгоҳӣ Бибурд аз чеҳраи гардун сиёҳӣ. Шафақ шангарф бар мино пароканд, Фалак дурдона бар дарё пароканд,
14. Пайғом фиристодан ба маъшуқ
Дигар бор аз сари сӯзе, ки донӣ, Дар он бечорагию нотавонӣ Ба хилват пеши он фарзона рафтам, Дигар раҳ бо сари афсона рафтам,
13. Расидани ҷавоби маъшуқ ба ошиқ
Чу ин пайғомҳо дар гӯш кардам, Ба куллӣ тарки ақлу ҳуш кардам, Зи шавқаш оташе дар ҷонам афтод, Дилам дарёи хун аз дида бикшод,

