20. Дар сифати ҳол
Дило, то чанд аз ин суратпарастӣ?!
Қадам бар фарқи ҳастӣ зан, ки растӣ?!
Ғами ҳар будаву нобуда то чанд?
Ҳикоят гуфтани беҳуда то чанд?
Чу риндон хезу чобукдастие кун!
Зи ҷоми нестӣ сармастие кун!
Раҳо кун ақлу рав, девона мегард,
Чу мастон бар дари майхона мегард!
Ки аз майхона ёбӣ рӯшноӣ,
Кунӣ бо покбозон ошноӣ.
Дам аз ғам зан, агар шодит бояд,
Харобӣ ҷӯ, гар ободит бояд!
Мазан чун нор дар хуни ҷигар ҷӯш,
Беҳӣ хоҳӣ, чу биҳ пашмина мепӯш!
В-агар хоҳӣ зи меҳнат растагорӣ,
Ба камтар з-он қаноат кун, ки дорӣ!
Сарири салтанат бедоварӣ нест,
Ғами соҳибкулоҳӣ сарсарӣ нест.
Бирав, чашми ҳавасро мил даркаш!
Пас он гаҳ хирқаро дар нил даркаш!
Тамаъ густох шуд, бонге бар ӯ зан,
Ҳавасро низ санге дар сабӯ зан!
Аз он тарсам, ки чун мебоядат мурд,
Ту орӣ гирду дигар кас кунад хӯрд.
Агар рӯҳат зи олоиш салим аст,
Расидан дар сиротулмустақим аст.
Дар ин манзил, ки ҳам роҳ асту ҳам чоҳ,
Алоиқ ҳар яке ғӯлест дар роҳ.
Чу мардон бораи давлат барангез,
Ба афсун хондан аз ин ғӯл бигрез!
Чу товуси саробустони ҷонӣ,
Чу бози ошёни ломаконӣ.
Аз ин байғӯлаи ғӯлон чӣ хоҳӣ?
На чуғзӣ, хона дар вайрон чӣ хоҳӣ?
Дар ин киштӣ, ки номаш зиндагонист,
Нафасро пеша дар вай бодбонист.
Нашояд хуфт фориғ дар шакархоб,
Фитода киштӣ аз соҳил ба гирдоб.