Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

21. Дар заволи висол ва сабаби фироқ

Ман андар айшу бахтам дар камин аст, Чӣ шояд кард, толеъ гар чунин аст? Зи ногаҳ бахти ворун бар сарам тохт, Аз он хуш зиндагонӣ дурам андохт. Зи ҳар сӯ душманонамро хабар шуд, Ҳадиси мо ба ҳар ҷое самар шуд. Ҷаҳонеро аз он огоҳ карданд, Зи васлаш дасти мо кӯтоҳ карданд. Чу хасмонро аз ин маънӣ хабар шуд, Ҳикоят баъд аз ин навъе дигар шуд. Дар ин маънӣ басе тақрир карданд, Ба охир дасти ин тадбир карданд. Ки ин ҷо буданаш корест душвор, Бибояд рафтанаш з-ин мулк ночор. Бар ин андеша яксар дил ниҳоданд, Бар ӯ з-ин қисса рамзе баркушоданд. Чу бишнид ин сухан хуршеди хубон, Зи рафтан шуд танаш чун бед ларзон. Гуландомаш даруни пардаи роз Чу ғунча тангхӯӣ карда оғоз. Нафиру нолаву шеван баровард, Хурӯш аз ҷони марду зан баровард. Фиғон бар гунбади гардон расонид, Садои нола бар кайвон расонид. Зи ҳар навъе басе дар нафъ кӯшид, Ғаримаш ҳар сухан, к-ӯ гуфт, нашнид, К-аз ин ҷо тоқати дурӣ надорам, Чунин аз ақл дастурӣ надорам. Ба пушти бодпое барнишондаш, Зи оби дида дар озар нишондаш. Ба роҳаш бо парӣ ҳамдостон кард, Паривораш зи чашми ман ниҳон кард.