22. Огоҳ шудани ошиқ аз ҳоли маъшуқ
Чу ин нохушхабар дар гӯшам омад,
Ба сад зорӣ дил андар ҷӯшам омад.
Ҷаҳон он айши ширинам бишӯрид,
Маро з-он моҳи меҳрафрӯз бибрид.
Зи дарди дурияш девона гаштам,
Зи ҳушу хобу хур бегона гаштам.
Чу бар ҷонам фироқаш тохтан кард,
Маро шӯридаи ҳар анҷуман кард.
Диламро навбати шодӣ сар омад,
Ғамаш навбатзанон аз дар даромад.
Фироқаш ногаҳонам мубтало кард,
Ғамаш пироҳани сабрам қабо кард.
Танам дар ғуссаи ҳиҷрон бифарсуд,
Дилам хун гашту аз дида биполуд.
Падар, к-аз ман равонаш бод пурнур,
Маро пирона панде дод машҳур:
Ки дар дил оташи савдо маяфрӯз!
Зи ҳусни дилфурӯзон дида бардӯз!
Макун бо дилбарон пайванди ёрӣ!
Макун бо ҷони худ зинҳор хорӣ!
Мани нодон чу пандаш доштам хор,
Аз он гаштам бад-ин хорӣ гирифтор.
Зи ҷаври даври гардун чанд нолам?
Чунин то кай бувад ошуфта ҳолам?
Мусалмонон, маломат кам кунедам,
Худоро, чорае ҳамдам кунедам.
На дарди дил тавонам гуфт бо кас,
На роҳ аз пеш медонам, на аз пас.
Надорам тоқати дурӣ, надорам,
Надорам барги маҳҷурӣ, надорам.
Тане дорам, зи дил дар хун нишаста,
Зи мавҷи ашк дар Ҷайҳун нишаста.
Диле дорам, дар ӯ ғам тӯй дар тӯй,
Равон хуноба аз вай ҷӯй дар ҷӯй.
Равоне новаки ғам дарнишонда,
Вуҷуде дар адам роҳе намонда.
Ғам, аз ин хастаи танҳо чӣ хоҳӣ,
Зи ман, дилдодаи шайдо, чӣ хоҳӣ?