23. Ғазали Ҳумом: Хаёле буду хобе васли ёрон,
Хаёле буду хобе васли ёрон,
Шаби маҳтобу фасли навбаҳорон.
Миёни боғу ёри сарвболо
Хиромон бар канори ҷӯйборон.
Чаман мешуд зи акси орази ӯ
Мунаввар чун дили парҳезгорон.
Сари зулфаш зи боди навбаҳорӣ
Чу аҳволи парешонрӯзгорон.
Бирифт он навбаҳори ҳусну бигзошт
Дилу чашмам миёни барқу борон.
Худовандо, ҳанӯзам ҳаст уммед,
Бидеҳ коми дили уммедворон.
Ҳумом аз навбаҳору сабзаву гул
Намеёбад сафо бе рӯйи ёрон.