Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

19. Дар сифати висол

Чунин зебонигоре, дилситоне, Ба раъноию хубӣ достоне. Чунон бар ошиқи худ меҳрубон буд, Ки, гӯӣ, ошиқи ҷону ҷаҳон буд. Набудӣ бо манаш ҷуз меҳрубонӣ, Надидам ҷуз аз ӯ ширинзабонӣ. Мудомам хуррамӣ дамсоз будӣ, Ба рӯяш чашми ҷонам боз будӣ. Ба дил гуфтам, ки эй мадҳуши бемор, Ғамашро дар миёни ҷон нигаҳ дор! К-аз ин хуштар касе дилбар наёбад, Ба хубӣ кас аз ин беҳтар наёбад, Ба ҳам хуш буд моро рӯзгоре, Ба васлаш доштам хуш кору боре. Саодат ёру бахтам ҳамнишин буд, Замон дар ҳукму иқболам қарин буд. Зи толеъ хурраму дилшод будам, Зи банди ҳар ғаме озод будам. Ҷаҳон маҳкуму давлат ёварам буд, Фалак маъмуру ахтар чокарам буд. Кунун з-он айш ҷуз хун дар дилам нест, Дар он шодӣ ба ҷуз ғам ҳосилам нест. Тане хаста, диле ғамнок дорам, Ба дасте боду дасте хок дорам.