18. Омадани маъшуқ ба хонаи ошиқ
Чу зарринбол анқои сарафроз
Зи Машриқ сӯйи Мағриб кард парвоз.
Ниҳон гардид шамъи гетиафрӯз,
Сипоҳи шом шуд бар рӯз пирӯз.
Арӯси меҳр рафт андар аморӣ,
Муқаррар гашт бар шаб пардадорӣ.
Ҳаюни кӯҳро дар соя бастанд,
Зи гавҳар бар фалак пироя бастанд.
Фурӯ шуд шоҳи Ховар дар сиёҳӣ,
Баромад моҳ бар авранги шоҳӣ.
Дар он гулшан, ки маъвоҷойи ман буд.
Бад-он сурат, ки расму ройи ман буд,
Ба ойин ҷойгоҳе соз кардам,
Ба рӯйи дӯстон дар боз кардам,
Мақоме ҳамчу ҷаннат ҷонфизое,
Чу гулзори Ирам бустонсарое.
Зи хокаш анбари тар рашк бурда,
Зи обаш ҳавзи Кавсар ғӯта хӯрда.
Нишастам гӯш бар дар, дида бар роҳ
Ба юмни давлати бедор ногоҳ.
Хури хуррамхирому ҳури маҳваш,
Гули нозукмизоҷу сарви саркаш.
Чу ганҷ аз дидаи мардум ниҳонӣ,
Бад-он равнақ, бад-он оин, ки донӣ,
Даромад ногаҳон сармасту дилшод,
Ниқоб аз рӯйи чун хуршед бикшод.
Муборак соате, фархунда рӯзе,
Ки бозояд зи дар маҷлисфурӯзе,
Бидидам рӯяшу девона гаштам,
Бари шамъи рухаш парвона гаштам.
Ба дасте чодур аз рух боз мекард,
Ба дасте зулфи мушкин соз мекард.
Чу зад хуршеди рӯяш дар саро теғ,
Бурун омад гул аз ғунча, маҳ аз меғ.
Зи зебоӣ гулаш дар пой мемурд,
Санавбар пеши қаддаш саҷда мебурд.
Каманди зулфи мушкин тоб дода,
Зи сунбул хирмане бар гул ниҳода.