Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

17. Расидани ошиқ ва башорат ва инояти маъшуқ

Дар ин андеша шабро рӯз кардам, Фаровон нолаи дилсӯз кардам. Чу аз ҳадди уфуқ ҳангоми шабгир Алам бифрошт хуршеди ҷаҳонгир, Зи машриқ бар шафақ зар мефишонданд, Ба санъат лаъл дар зар менишонданд. Чароғи толеи шаб тира мешуд, Сипоҳи рӯз бар шаб чира мешуд. Дар он соат сухан навъе дигар шуд, Дуои субҳгоҳам коргар шуд. Зи ногаҳ пайки давлат медавонид, Ба ман пайғоми дилбар мерасонид, Ки дил ҳуш дор, инак ёрат омад, Дигар обе ба рӯйи корат омад. Агарчи муддате ранҷе кашидӣ. Ба охир даст бар ганҷе кашидӣ. Ғаме хӯрдиву ғамхоре гирифтӣ, Диле додиву дилдоре гирифтӣ. Зи ҳиммат донае дар дом кардӣ, Бад-ин афсун париро ром кардӣ. Нишаст он мушфиқи дерина пешам, Давои дарду марҳамсози решам, Ба ман пайғоми дилбар бозмегуфт, Ҳикоятҳои ғампардоз мегуфт. Забон чун дар паёми ёр бикшуд, Дилам хуррам шуду ҷонам биёсуд. Қадаҳ аз даст дар бустон фикандам, Кулоҳ аз айш дар айвон фикандам, Рамида бахти ман сомон пазируфт, Куҳан бемориям дармон пазируфт. Гули айшам ба боғи умр бишкуфт, Нигорам мерасиду бахт мегуфт: «Чӣ хуш бошад, ки баъд аз интизорӣ Ба уммеде расад уммедворе».