Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

26. Муноҷот

Чӣ гум гардад, Худоё, аз худоит, Чӣ нуқсон ояд андар подшоит, Ки гар бечорае коме биёбад, Дилафгоре дилороме биёбад? В-агарчи рӯзгорам з-ӯ ҷудо кард, Фироқаш ҷомаи сабрам қабо кард, Қазо дастам зи васлаш кард кӯтоҳ, Қадар бибрид ногоҳам зи дилхоҳ. Зи ман дур уфтод он ҷони ширин, Фироқ омад насибам з-он нигорин. Замона хотири ношод хоҳад, Висол аз дасти мушкил дод хоҳад. Ба таъсир ахтарон бар бод доданд, Зи мо ҳар як ба иқлиме фитоданд. Ба нокомӣ шудем аз якдигар дур, Ба ишқ андар ҷаҳон гаштем машҳур. Умед аз васли ҷонон барнагирам, Магар, к-аз ғуссаи ҳиҷрон бимирам. Ба фазлат ҳамчунон уммедворам, Ки уммедам ниҳӣ андар канорам…
26. Муноҷот | Шоирон