25. Дар хоб дидани ошиқ маъшуқро
Шабе чун шом дар фарёду зорӣ
Ба субҳ овардам андар навҳакорӣ.
Сабоҳе ногаҳонам хоб бирбуд,
Замоне ҷонам аз зорӣ биёсуд.
Хиромон омад андар хоби нӯшин
Хаёли он сиҳисарвам ба болин.
Маро дид уфтода зору мадҳуш,
Зи тоби оташи дил сина пурҷӯш.
Дар оби дидаи худ ғарқ гашта,
Ҷигар дар тобу дуд аз сар гузашта.
Ба ҷон маҷрӯҳу тан бемору дил реш,
Ба коми душманон афтода бехеш.
Зи мижгон ашки хунин бар замин рехт,
Зи рӯйи меҳрубонӣ дар ман овехт.
Ба ман мегуфт, к-эй хӯкарда бо ман,
Басе дар васли ҷон парварда бо ман!
Ту он дар ишқи рӯям достонӣ,
Ту он бигзида ёри меҳрубонӣ,
Ки бе ман як дам оромат набудӣ,
Ба ҷуз васлам дигар комат набудӣ.
Кунун чун бемурод аз ҳусни тақдир
Фитодӣ дар чунин ҳиҷрони дилгир.
Дар ин саргаштагӣ чун аст ҳолат?
Намегирад зи умри худ малолат?
Маро, то аз ту дурам, нест ором,
Ҷудо мондам ба сад нокомӣ аз ком.
Хаёлӣ гаштаам дар орзуят,
Ба ҷон омад дилам дар ҷустуҷӯят.
Парешонҳол чун зулфи бутонам,
Чу чашми масти хубон нотавонам.
Намонд аз сарви қаддам ҷуз хаёле,
Намонд аз моҳи рӯям ҷуз ҳилоле.
Танам аз зиндагонӣ баҳравар нест,
Туро аз ҳоли зори ман хабар нест.
Чу аз бӯйи хаёлаш ҷон хабар ёфт,
Зи беҳушӣ замоне рӯй бартофт.
Тасаввур шуд диламро, к-ин висол аст,
Чӣ донистам, ки дар хобам, хаёл аст.