27. Хотима
Ба беҳтар толеу фархундатар фол,
Дувум рӯз аз раҷаб дар нун, алиф, зол
Ба назм овардам ин дарди дили реш,
Ба ҳар кас бозгуфтам қиссаи хеш.
Ду ҳафта ҳафтсад бикр аз аморӣ
Баровардам, чу хотир кард ёрӣ.
Ғараз он буд з-ин абёти дилсӯз,
Ба дасти бедилон афтад яке рӯз,
Магар, к-аз сӯзи дил рӯзе ба ҷое
Кунад соҳибдиле бар ман дуое.
Бибахшад Ҳақ бад-ин дилсӯзии ман,
Бувад, к-он моҳ гардад рӯзии ман.
Сухансозон, ки дил пурнур доранд,
Мани девонаро маъзур доранд.
Ҳадисам чун надорад рангу бӯе,
Кӣ хоҳад кард ӯро ҷустуҷӯе?
Зи мо донодилон маънӣ наҷӯянд,
Димоғошуфтагон «ошуфта» гӯянд.
Кунун вақт аст, агар кӯтоҳ гирам,
Суйи хомӯш гаштан роҳ гирам.
Касеро пойи дил дар гил мабодо!
Чунин кори касе мушкил мабодо!