Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

МЕҲМОНӢ КАРДАНИ САНГТАРОШ ХУДОВАНДРО АЗ САДОҚАТ

Сангтароше буд андар кӯҳи Тур, Сангтарошӣ карду гуфтӣ, эй ғафур! Ту куҷоӣ дар миёни осмон? Чанд бошӣ пеши чашми мо ниҳон? Хуб бошад, гар биёӣ бар замин, Дар бари мо, ё Илоҳалоламин. Хонаи сангӣ тарошам баҳри ту, Чокари даргоҳ бошам баҳри ту. Гар ту хоҳӣ гашти саҳрое кунӣ, Бо ман оиву тамошое кунӣ. Хуш тафарруҷҳост андар кӯҳсор, Арғавонӣ лолаҳои марғзор. Дузду ёғӣ нест ин ҷо ин замон, Ту биё бо мо, матарс аз кофирон. Гар шағолу хук ояд ё паланг, Бишканам паҳлӯи эшонро ба санг. Рӯз аз рӯят бипарронам магас, Шаб ба гирди хона гардам чун асас. Ин бигуфту хонаро бунёд кард, Аз тазарруъ нолаву фарёд кард. Сангтарош аз баҳри дидори Худо Санг тарошидӣ сари шаб то сабо. Хонаи сангӣ тарошид аз ҳунар, Кӯзаҳои санг ҳар як хубтар. Кӯзаҳоро об карду сар ниҳод, Косаҳо пурқут карду барниҳод. Дар канори тахт болин сохта, Шаш ҷиҳат он хонаро пардохта. Косаҳои санг тарошид аз ҳунар, Тахти шоҳӣ барниҳода аз ҳаҷар. Зору нолон ҳамчу булбул дар баҳор, Садҳазорон бар яке нолид зор. Шаб ба бедорӣ бимондӣ то саҳар Оҳ сарду рӯй зарду дида тар. Оҳи сард аз дил кашидӣ зор-зор, Ашк меборид чун абри баҳор. Гуфт: Ё Раб, гар биёӣ ин замон, Аз карам оӣ фуруд аз осмон,
МЕҲМОНӢ КАРДАНИ САНГТАРОШ ХУДОВАНДРО АЗ САДОҚАТ | Шоирон