МУШУ ГУРБА
Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш,
Биё, бишнав ҳадиси «Гурбаву Муш»!
Бихонам аз бароят достоне,
Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ.
Эй хирадманди оқилу доно,
Қиссаи «Мушу Гурба» бархоно!
Қиссаи «Мушу Гурба»-и манзум
Гӯш кун ҳамчу дурри ғалтоно!
Аз қазои фалак яке гурба
Буд чун аждаҳо ба Кирмоно.
Шикамаш таблу синааш чу сипар,
Шердумму палангчангоно.
Аз ғиреваш ба вақти ғурридан
Шери дарранда шуд ҳаросоно.
Сари ҳар суфра чун ниҳодӣ пой,
Шер аз вай шудӣ гурезоно.
Рӯзе андар шаробхона шудӣ
Аз барои шикори мушоно.
Дар паси хум ҳаменамуд камин
Ҳамчу дузде, ки дар биёбоно.
Ногаҳон мушаке зи деворе
Ҷаст бар хумми май хурӯшоно.
Сар ба хум барниҳоду май нӯшид,
Маст шуд ҳамчу шери ғурроно.
Гуфт: «Ку гурба, то сараш биканам?!
Пӯсташ пур кунам зи коҳоно!
Гурба дар пеши ман чу саг бошад,
Ки шавад рӯ ба рӯ ба майдоно!».
Гурба инро шуниду дам назадӣ,
Чангу дандон задӣ ба сӯҳоно.
Ногаҳон ҷасту мушро бигирифт
Чун палангшикори кӯҳоно.
Муш гуфто, ки: Ман ғуломи туам,
Афв кун аз ман ин гуноҳоно».
Гурба гуфто: «Дурӯғ камтар гӯй!
Нахӯрам ман фиребу макроно.
Мешунидам ҳар он чӣ мегуфтӣ.
Орводин қаҳба номусалмоно».