14. Пайғом фиристодан ба маъшуқ
Дигар бор аз сари сӯзе, ки донӣ,
Дар он бечорагию нотавонӣ
Ба хилват пеши он фарзона рафтам,
Дигар раҳ бо сари афсона рафтам,
Фитодам боз дар пояш ба хорӣ,
Бад-ӯ гуфтам зи рӯйи беқарорӣ:
Чӣ бошад, к-аз сари мискиннавозӣ
Ба лутфе кори мискине бисозӣ?
Карам кун, даст гир афтодаеро,
Ба раҳмат банда кун озодаеро!
Дили бечорае аз ғам ҷудо кун!
Даруни дардмандеро даво кун!
Аз ин дар гар маро коре барояд,
Ба лутфи чун ту ғамхоре барояд.
Бикун парвозе, эй бози шикорӣ,
Бинеҳ доме, магар дар домаш орӣ!
Бигӯ, мегӯяд он саргаштаи ту,
Асири ишқу ҳиҷрон гаштаи ту,
Чӣ гум гардад зи мулки подшое,
Агар ганҷе ба даст орад гадое?
Дили Маҷнун зи Лайлӣ ком гирад,
Сикандар з-оби ҳайвон ҷом гирад.
Ба Ширин даррасад бечора Фарҳод,
Парирӯ рӯй бинмояд ба Гулшод.
Ба Юсуф баркушояд чашм Яъқуб,
Ба Ромин барнамояд Вис маҳбуб.
Зи Узро ҷони Вомиқ тоза гардад,
Чу ғам шодиш беандоза гардад.
Нишинад шод бо Гулчеҳр Авранг,
Ба дасте гул, ба дасте ҷоми гулранг.
Чунин ҳам ин Убайди бенаворо,
Зи дил бегонаи ишқошноро
Фитад бо чун ту ёре ошноӣ,
Биёбад аз висолат рӯшноӣ.
Туро давлат ба кому бахт фирӯз,
Наёварда шабе дар ҳаҷри ту рӯз.
Чӣ донӣ қиссаи бемории мо,
Ҷигархориву шаббедории мо.