Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

15. Васфи баҳор

Саҳаргоҳе, ки боди субҳгоҳӣ Бибурд аз чеҳраи гардун сиёҳӣ. Шафақ шангарф бар мино пароканд, Фалак дурдона бар дарё пароканд, Зи машриқ шоҳи Ховар теғ бардошт, Сипоҳи Зангбор иқлим бигзошт; Кулоҳ аз фарқи фарқад даррабуданд, Нитоқ аз бурҷи Ҷавзо баркушуданд. Дами ҷонбахши боди навбаҳорӣ Ҷаҳон мекард пурмушки таторӣ. Суман, гӯӣ, гиребон боз мекард, Сабо бар ғунча ҳар дам ноз мекард, Узори гул ба оби жола мешуст, Ба ашки абр рӯйи лола мешуст. Бунафша ҷаъди мушкин шона мезад, Чаковак наъраи мастона мезад. Насим аз ҷайбу домон мушкрезон, Чу мастон ҳар даме афтону хезон. Гаҳе ҳамрози марзангӯш мешуд, Гаҳе бо лола ҳамоғӯш мешуд. Шукуфа ханданок аз боди гулбӯй, Кушода сунбули сероби гесӯй. Хиромон дар чаман сарви сарафроз, Зи мастӣ чашми наргис гашта пурноз. Чаман чун тӯтиён пар боз карда, Ғизол аз нофа мушкандоз карда, Дурафшон аз канори кӯҳу саҳро Чароғи лола чун қандили тарсо, Сабо ҷаъди бунафша тоб медод, Зи шабнам сабза ханҷар об медод, Арӯси гул аморӣ соз карда, Зи хубӣ бар раёҳин ноз карда. Суман чун шакли Парвин ханда мезад, Шукуфа бар раёҳин ханда мезад. Насими субҳдам ҷон тоза мекард, Хирад медиду имон тоза мекард. Раёҳин аз шароби ҳусн сармаст, Саҳоби симгун рашшоша бар даст.