Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

13. Расидани ҷавоби маъшуқ ба ошиқ

Чу ин пайғомҳо дар гӯш кардам, Ба куллӣ тарки ақлу ҳуш кардам, Зи шавқаш оташе дар ҷонам афтод, Дилам дарёи хун аз дида бикшод, Вале медод ҳар дам дил гувоӣ, Ки бо ӯ зуд ёбам ошноӣ. Ду рӯзе гар диле хуррам набошад, Чу давлат ёр бошад, ғам набошад.