12. Тамомии сухани маъшуқ
Туро он беҳ, ки роҳи хеш гирӣ,
Шикебоӣ дар ин раҳ пеш гирӣ.
Равӣ чун оқилон дар хона з-ин пас,
Нагардӣ инчунин девонаи кас.
Макун бо чашми сармастам далерӣ,
Ки аз рӯбаҳ наёяд шергирӣ.
Макун бо зулфи шастам ишқбозӣ,
Ки ин корест бо лахте дарозӣ.
Ҳар он кас к-ӯ надонад пояи хеш,
Бибозад ногаҳон сармояи хеш.
Куҷо монанди ту мискин гадое
Расад дар васли чун ман подшое?
Чӣ хезад з-ин гиребон чок кардан?
Фишондан ашку бар сар хок кардан?
Нагирад дастат ин ошуфтакорӣ,
Ба корат н-ояд ин фарёду зорӣ.
Надорам бок, агар дил гардадат хун,
Нагирад дар ман ин найрангу афсун.
Ҳар он к-ӯ ишқ варзад, дард бинад,
Сиришке сурху рӯе зард бинад.
Ту, эй мискин, бад-ин бенангуномӣ
Чӣ ҷинсӣ в-аз кадоминон кадомӣ?
Ту, эй маҷнун, ки ошиқ ном дорӣ,
Шароби шавқи ман дар ҷом дорӣ,
Туро он беҳ, ки бо дардам нишинӣ,
Ки ҷон дарбозӣ, ар рӯям бибинӣ.
Магар нашнидаӣ, эй аз хирад дур,
Ки парвона надорад тоқати нур?
Бирав, месоз бо андуҳу хорӣ,
Ки созад ошиқонро бурдборӣ.