Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
12. Тамомии сухани маъшуқ
Туро он беҳ, ки роҳи хеш гирӣ, Шикебоӣ дар ин раҳ пеш гирӣ. Равӣ чун оқилон дар хона з-ин пас, Нагардӣ инчунин девонаи кас.
11. Ғазал: Зи сӯзи ишқи ман ҷонат бисӯзад,
Зи сӯзи ишқи ман ҷонат бисӯзад, Ҳама пайдову пинҳонат бисӯзад…
10. Хитоби маъшуқ ба қосид
Чу зулфи хештан ногаҳ барошуфт, Битундиду дар он ошуфтагӣ гуфт: Бад-он ранҷуру бедармон бигӯед, Бад-он маҷнуни бесомон бигӯед:
9. Пайғом расонидани қосид
Замири поки он мурғи сухансоз, Чу ин афсона кардам пешаш оғоз, Шуд аз ҳоли дили пурдардам огоҳ, Чу оташ гашту шуд бо бода ҳамроҳ.
8. Ғазал: Бидидам чашми мастат, рафтам аз даст,
Бидидам чашми мастат, рафтам аз даст,
7. Воқиф шудани маъшуқ аз ҳоли ошиқ
Дар он шабҳои тор аз беқарорӣ, Чу бисёре бинолидам ба зорӣ, Магар, к-аз оҳи ман сарви гуландом Садое гӯш кард аз гӯшаи бом?
6. Ғазал: Дилам з-ин беш ғавғо бар натобад.
Дилам з-ин беш ғавғо бар натобад. Сарам з-ин беш савдо бар натобад…
5. Арзи шавқ
Шабе шавқам шабехун бар сар овард, Зи ғам дар пойи дил ҷӯше баровард. Танам зуннори габрон дар миён баст, Дили шӯрида шӯре дар ҷаҳон баст.
4. Сухан дар ишқ
Нахустин рӯз, к-ин чашми балокаш Маро аз ишқи ӯ дар ҷон зад оташ, Дил аз ҷону ҷавонӣ баргирифтам, Умед аз зиндагонӣ баргирифтам.
3. Ғазал: Хами абрӯйи ӯ дар ҷонфизоӣ
Хами абрӯйи ӯ дар ҷонфизоӣ Тирози остини дилрабоӣ. Худо аз лутфи маҳзаш офаридаст, Ба ном Эзид, зиҳӣ лутфи худоӣ!
2. Сифати маъшуқ
Маҳе, фаррухрухе, фархундарое, Ба шаҳристони хубӣ подшое, Миёни нозанинон нозанине, Зи шириниш Ширин хӯшачине,
1. Сифати дил
...Гарам иқбол рӯзе ёр гардад, Ғунуда бахти ман бедор гардад, Бар он даргоҳ хоҳам дод аз ин дил, Мусалмонон, маро фарёд аз ин дил!
Соқӣ, биёр бодаву пур кун ба ёди ид,
Соқӣ, биёр бодаву пур кун ба ёди ид, Дардеҳ, ки ҳам ба бода тавон дод доди ид. Банмуд ид чеҳраву андаррасид боз Хуррам висоли дилбару хуш бомдоди ид.
Соқиё, мавсими айш аст, бидеҳ ҷоми шароб,
Соқиё, мавсими айш аст, бидеҳ ҷоми шароб, Лутф кун, басталабонро ба зулоле дарёб! Қадаҳи бода агар ҳаст, ба ман деҳ, то ман Дар сари бода кунам хонаи ҳастӣ чу ҳ
Сапедадам чу шаҳаншоҳи гунбади гардон
Сапедадам чу шаҳаншоҳи гунбади гардон Кашид теғу бар атрофи Шарқ гашт равон, Сипеҳр ғолиясову сабо абиромез, Шамол миҷмарагардон, насим муждарасон.
Субҳдам, к-аз ҳадди Ховар хусрави нилиҳисор
Субҳдам, к-аз ҳадди Ховар хусрави нилиҳисор Лашкари румӣ равон мекард сӯйи Зангбор. Соябони қирии шаб медарид аз якдигар, Мешуд аз атрофи Ховар рояти рӯз ошкор.
Боз ба саҳро расид кавкабаи навбаҳор,
Боз ба саҳро расид кавкабаи навбаҳор, Соқии гулрух, биё, бодаи гулгун биёр! З-он майи чун лаъли ноб, к-аз мадади ӯ мудом Айш бувад бардавом, умр бувад хушгувор.
Боз гул ҷилвакунон рӯй ба саҳро дорад,
Боз гул ҷилвакунон рӯй ба саҳро дорад, Навҷавон аст, сари айшу тамошо дорад. Хор дар паҳлуву по дар гилу хуш механдад, Лутф бин, к-ин гули наврустаи раъно дорад
Насими боди саҳар азми бӯстон дорад,
Насими боди саҳар азми бӯстон дорад, Дамиду боз дамаш кимиёи ҷон дорад. Расид мужда, ки султони гул ба толеи саъд, Азимати чаману ройи гулситон дорад.
Хуш он насим, ки бӯе зи зулфи ёр орад,
Хуш он насим, ки бӯе зи зулфи ёр орад, Ба ошиқе хабари ёри ғамгусор орад. Ба сӯйи булбули бедил барад башорати гул, Ба боғ муждаи айёми навбаҳор орад.
Бинӯш бода, ки фасли баҳор меояд,
Бинӯш бода, ки фасли баҳор меояд, Навиди хуррамӣ аз рӯзгор меояд. Зи абр қатраи оби ҳаёт меборад, Зи бод нафҳаи мушки татор меояд.
Ҷаҳон хуш асту чаман хуррам асту булбул шод,
Ҷаҳон хуш асту чаман хуррам асту булбул шод, Биёр бодаи гулранг, ҳар чӣ бодо, бод! Ба шаш ҷиҳат чу аз ин ҳафт чархи бӯқаламун, Аз он чи ҳаст муқаддар, на кам ша
Туркам чу қасди хуни дили ошиқон кунад,
Туркам чу қасди хуни дили ошиқон кунад, З-абрӯву ғамза даст ба тиру камон кунад. Ороми ҷон ба наргиси соҳир зи мо барад, Тороҷи дил ба турраи анбарфишон кунад.
Дамид боди диловезу бӯйи ҷон овард,
Дамид боди диловезу бӯйи ҷон овард, Навиди кавкабаи гул ба гулситон овард. Расид мавсими Наврӯзу юмни мақдами ӯ Ба сӯйи хуррамӣ аз ҳар диле нишон овард.
Сапедадам алами субҳ чун равон карданд,
Сапедадам алами субҳ чун равон карданд, Зи меҳр бар сари офоқ зар фишон карданд. Мудаббирони умури фалак зи роҳи Хутан Ба тирагӣ зи Ҳабаш лашкаре равон карданд:

