Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дамид боди диловезу бӯйи ҷон овард,

Дамид боди диловезу бӯйи ҷон овард, Навиди кавкабаи гул ба гулситон овард. Расид мавсими Наврӯзу юмни мақдами ӯ Ба сӯйи хуррамӣ аз ҳар диле нишон овард. Шукуфа боз бихандиду лутфи хандаи ӯ Нишот бо дили маҳзуни ошиқон овард. Насим хаста шуду нотавону меафтад, Зи баски рахт раёҳин ба бӯстон овард. Ҳазордастон дар васфи бӯйи лолаву гул Ҳазор нағмаву дастон ба достон овард. Ғуломи давлати онам, ки бар канори чаман Нишасту бо бути худ даст дар миён овард. Сапедадам, ки сабо баҳри шоҳидони баҳор Ба арсаи чаман аз абр соябон овард. Чӣ зарра аст, ки бар турраи бунафша фишонд, Чӣ оби лутф, ки бар рӯйи арғувон овард. Зи шавқ булбули шӯридадил ба гул мегуфт: Биё, биё, ки фироқат маро ба ҷон овард. Паём дод ба боди саҳар шукуфа, ки: хез, Биё, ки бе ту нафас барнаметавон овард!...