Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Туркам чу қасди хуни дили ошиқон кунад,

Туркам чу қасди хуни дили ошиқон кунад, З-абрӯву ғамза даст ба тиру камон кунад. Ороми ҷон ба наргиси соҳир зи мо барад, Тороҷи дил ба турраи анбарфишон кунад. Чун бо камар ба роз дарояд миёни ӯ, Ҷосусвор боз саре дар миён кунад. Гаҳ бар гули бунафша хате дилрабо кашад, Гаҳ лоларо зи сунбули тар соябон кунад. Сармаст агар ба боғ равад, акси оразаш, Хун дар канори тозагулу арғувон кунад. Аз шарми ӯ чу ҷилва кунад дар канори ҷӯй, Сарв аз чаман барояду гул рух ниҳон кунад. Савсан чу бигзарад мутамоил ба сад забон, Афсӯс бар шамоили сарви равон кунад. Ҳоли дилам зи зулфи парешони ӯ бипурс, То мӯ ба мӯ бигӯяду як–як баён кунад. Аз чашми ӯ фасонаи ранҷуриям шунав, То ӯ ба шарҳ васфи мани нотавон кунад. Ҳам дардманди ишқ, ки савдои ӯ пазад, Судаш ба даст бошад, агар сад зиён кунад. Дар кӯи ишқ муддаияш ном кардаанд, Онро, ки номи сар бараду фикри ҷон кунад…