Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҷаҳон хуш асту чаман хуррам асту булбул шод,

Ҷаҳон хуш асту чаман хуррам асту булбул шод, Биёр бодаи гулранг, ҳар чӣ бодо, бод! Ба шаш ҷиҳат чу аз ин ҳафт чархи бӯқаламун, Аз он чи ҳаст муқаддар, на кам шавад, на зиёд. Ба ною най нафасе вақти хештан хуш дор, Чу ною най чӣ диҳӣ умри хештан бар бод?! Бигир дасти буте в–аз замона даст бидор, Ғуломи сарвқаде бошу аз ҷаҳон озод. Замин, ки буд зи таъсири замҳарир хароб, Зи юмни мақдами наврӯз мешавад обод. Ба шоҳидони чаман сад ҳазор лахлаха ҳур Ба дасти пайки насими баҳор бифристод. Чу нақшбанди раёҳин қабои ғунча бибаст, Сабо ба лутф сари нофаи Хутан бикшод. Миёни сабзаву гул рақс мекунад лола, Ба пеши оби равон ҷилва мекунад шамшод. Дирамфишонӣ бар фарқи сабзаҳо корест, Ки боз лутфи насими баҳорро афтод…