Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бинӯш бода, ки фасли баҳор меояд,

Бинӯш бода, ки фасли баҳор меояд, Навиди хуррамӣ аз рӯзгор меояд. Зи абр қатраи оби ҳаёт меборад, Зи бод нафҳаи мушки татор меояд. Барои равнақи базми муоширон лола Гирифта ҷоми майи хушгувор меояд. Миёни боғ ба сад лаб шукуфа механдад, Ки сабза медамаду гул ба бор меояд. Димоғи шефтагонро ба ҷӯш меорад, Хурӯши мурғ, ки аз марғзор меояд. Ҳазор пираҳан аз шавқ мекунад пора, Ба гӯши ғунча чу бонги ҳазор меояд. Ба боғ гурба бар атрофи шох, пиндорӣ, Кушода панҷа барои шикор меояд. Ба ҳар куҷо, ки равад, мурда зинда гардонад, Насим, к-аз тарафи ҷуйбор меояд. Кунун чу ғунчаву гул ҳар куҷо, ки зиндадилест, Ба зери сояи беду чинор меояд. Канори обу канори бутон ғанимат дон, Кунун, ки мавсими бӯсу канор меояд. Ғуломи ҳиммати онам, ки маст сӯйи чаман, Гирифта дасти буте чун нигор, меояд. Ба боғ ҷилвакунон гул ниҳода зар бар каф, Ба базми шоҳи ҷаҳон бо нисор меояд…