Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Хуш он насим, ки бӯе зи зулфи ёр орад,

Хуш он насим, ки бӯе зи зулфи ёр орад, Ба ошиқе хабари ёри ғамгусор орад. Ба сӯйи булбули бедил барад башорати гул, Ба боғ муждаи айёми навбаҳор орад. Хушо касе, ки саломе бад-он диёр барад, В-аз он диёр паёме бад-ин диёр орад. Агар на пайки насими баҳор ранҷа шавад, Инояте ба сари ошиқони зор орад. Кӣ ҳоли ман ба сари кӯи ёр арза кунад, Ки ёдаш аз мани маҳҷури дилфигор орад? Ба ихтиёр накардам ҷудоӣ аз бари ёр, Бало кӣ бар сари хотир ба ихтиёр орад? Ғариби шаҳри касонам, ки дар шумор оям, Ғариби бесарупоро кӣ дар шумор орад?…