Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Насими боди саҳар азми бӯстон дорад,

Насими боди саҳар азми бӯстон дорад, Дамиду боз дамаш кимиёи ҷон дорад. Расид мужда, ки султони гул ба толеи саъд, Азимати чаману ройи гулситон дорад. Ба ноз такя зада бар канори оби равон, Зи бед мирваҳа в-аз сарв соябон дорад. Суман фасона зи рухсори ҳур мегӯяд, Чаман таровати нузҳатгаҳи ҷинон дорад. Намеравад ҳама шаб чашми наргис андар хоб, Зи баски булбули шӯридадил фиғон дорад. Ҳанӯз лолаи навруста ношукуфта тамом, Чӣ мӯҷибест, ки бо сабза сар гарон дорад? Фурӯғи рӯйи бутам дар қадаҳ бад-он монад, Ки об ояду дар рӯй арғавон дорад. Зи акси чеҳраи ӯ лоларо ба хуни ҷигар Ҳикоятест, ки бо ғунча дар миён дорад. Ба сарв нисбати озодиву сарафрозӣ Аз он кунанд, ки оини ростон дорад…