Боз гул ҷилвакунон рӯй ба саҳро дорад,
Боз гул ҷилвакунон рӯй ба саҳро дорад,
Навҷавон аст, сари айшу тамошо дорад.
Хор дар паҳлуву по дар гилу хуш механдад,
Лутф бин, к-ин гули наврустаи раъно дорад.
Об ҳар лаҳза чу Довуд зиреҳ месозад,
Бод хосийяти анфоси Масеҳо дорад.
Лола бар тарфи чаман рақскунон, пиндорӣ
Наварӯсест, ки пироҳани воло дорад.
Қиссаи сарв дароз аст, намешояд гуфт,
К-он ҳадисест, ки он сар ба Сурайё дорад.
Инчунин зор, ки булбул ба чаман менолад,
Нисбате бо мани дилдодаи шайдо дорад.
Бӯстонро ҳама асбоб муҳайёст, вале
Хуррам он, к-ӯ ҳама асбоб муҳайё дорад.
Нақди имрӯз ғанимат шумар, аз даст мадеҳ,
Кӯрбахт аст, ки андешаи фардо дорад.
Бути ман ҷилвакунон гар ба чаман даргузарад,
Бо рухаш сӯйи гулу лола кӣ парво дорад?
Он чӣ ҳусн аст, ки он шаклу шамоилро ҳаст?
В–он чӣ лутф аст, ки он қомату боло дорад?
Гуфтамаш: Зулфи ту дорад дили ман. Аз сари танз
Гуфт к: - Ин бесарупо, бин, ки чӣ савдо дорад?
Қатраи ашки мани хастаҷигар дар ғами ӯ
Ҳаст хуне, ки тааллуқ ба сувайдо дорад.
Оламе бандаи ӯ гаштаву ӯ аз сари сидқ
Ҳаваси бандагии соҳиби доно дорад…