Боз ба саҳро расид кавкабаи навбаҳор,
Боз ба саҳро расид кавкабаи навбаҳор,
Соқии гулрух, биё, бодаи гулгун биёр!
З-он майи чун лаъли ноб, к-аз мадади ӯ мудом
Айш бувад бардавом, умр бувад хушгувор.
Рӯҳфазое, ки ӯ табъ кунад шодмон,
Оби ҳаёте, к-аз ӯ маст шавад ҳушёр.
Ҳамдами барнову пир, мӯниси шоҳу гадо,
Бар ҳама кас меҳрубон, бо ҳама кас созгор.
Шефтаро дилпазир, дилшударо ногузир,
Сӯхтаро дастгир, ғамзадаро ғамгусор.
Ҳозимаро судманд, фокираро нақшбанд,
Босираро нурбахш, сомиаро гӯшвор.
Мавсими он мерасад боз, ки дар боғу роғ
Лола бирӯяд зи хок, гул бадар ояд зи хор…