Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Субҳдам, к-аз ҳадди Ховар хусрави нилиҳисор

Субҳдам, к-аз ҳадди Ховар хусрави нилиҳисор Лашкари румӣ равон мекард сӯйи Зангбор. Соябони қирии шаб медарид аз якдигар, Мешуд аз атрофи Ховар рояти рӯз ошкор. Пайкари раънои зарринболи симиношён Саҳни саҳро симгун мекарду заррин кӯҳсор. Ҳамчу ғаввосон дар ин дарёи мавҷи симгун Ғӯта мезад, нур меандохт гирди кӯҳсор. Ман муҷаррад аз халоиқ, муътакиф дар гӯшае, Карда аз рӯйи фароғат кунҷи узлат ихтиёр. Ғарқаи дарёи ҳайрат монда дар гирдоби фикр Бар тамоили фалак бикшода чашми эътибор…