Сапедадам чу шаҳаншоҳи гунбади гардон
Сапедадам чу шаҳаншоҳи гунбади гардон
Кашид теғу бар атрофи Шарқ гашт равон,
Сипеҳр ғолиясову сабо абиромез,
Шамол миҷмарагардон, насим муждарасон.
Зи баҳри мақдами султони чарх партави субҳ
Ба сӯйи арсаи Ховар кашид шодурвон
Тулӯъ кард зи Машриқ талояи хуршед
Чу аз билоди ҳабаш подшоҳи Туркистон.
Ба юмни давлату иқболи шоҳи банданавоз
Маро ба ҷониби Кирмон кашид бахт инон.
Назар кушодаму дидам: Хуҷиста мамлакате,
Мақарри ҷоҳу ҷалолу мақоми амну амон.
Саводи ӯ чу хами зулфи ҳур анбарбор,
Ҳавои ӯ чу дами боди субҳ мушкафшон.
Ба ҳар тараф, ки расӣ, сабзаҳои ӯ хуррам,
Ба ҳар чаман, ки расӣ, ғунчаҳои ӯ хандон.
Зи оби софии ӯ ғибта мехӯрад Кавсар,
Ба лутфи равзаи ӯ рашк мебарад Ризвон
Фазои ӯ ҳама пурбоғуроғу гулшану кох,
Замини ӯ ҳама пурёсамину пуррайҳон.
Гузашта тораки айвонҳои олии ӯ
Зи авҷи манзари Бирҷису торами Кайвон.
Ба эътидоли ҷинон фаслҳои ӯ наздик,
Ки эмин аст дар ӯ барги гул зи боди хазон.
Аҷаб набошад, агар мурда зинда гардонад,
Насим чун кунад андар фазои ӯ ҷавлон.
Назар ба қалъаи ӯ кун, ки аз баландии қадр
На дасти ваҳм бад-ӯ мерасад, на пойи гумон.
Ҳам осмонаи ӯ гашта бо сапеҳр қарин,
Ҳам остонаи ӯ карда бо ситора қирон.
Зи шакли тоқу равоқаш нишонае Шабдез,
Зи вазъи кунгураҳояш намунае ҳирмон….