Соқиё, мавсими айш аст, бидеҳ ҷоми шароб,
Соқиё, мавсими айш аст, бидеҳ ҷоми шароб,
Лутф кун, басталабонро ба зулоле дарёб!
Қадаҳи бода агар ҳаст, ба ман деҳ, то ман
Дар сари бода кунам хонаи ҳастӣ чу ҳубоб.
Дар ҳисоби зару сим асту ғами доду ситад,
Кӯрбахте, ки надорад хабар аз рӯзи ҳисоб.
Бар касам ҳеч ҳасад нест, Худо медонад,
Ҷуз бар он ринд, ки афтода бувад масту хароб.