Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Сапедадам алами субҳ чун равон карданд,

Сапедадам алами субҳ чун равон карданд, Зи меҳр бар сари офоқ зар фишон карданд. Мудаббирони умури фалак зи роҳи Хутан Ба тирагӣ зи Ҳабаш лашкаре равон карданд: Ба сад либос баромад сипеҳри бӯқаламун, Чу субҳро тутуқ аз сода парниён карданд. Чу чатри хусрави ховархиром пайдо шуд, Сипоҳи шаб буна дар кӯҳҳо ниҳон карданд. Хурӯси субҳ чу зад боли оташин бар чарх, Ғуробро ба шаб овоз з–ошён карданд. Зи осмон чу нишони шафақ падид омад, Канори кӯҳ пур аз тозаарғувон карданд. Мусофирони самовӣ ба хиттаи Мағриб Ҳазимат аз тарафи Роҳи Каҳкашон карданд. Зи ранги оинаи субҳ з-он нафас шуд пок, Ки теғи меҳри зарандуд зарфишон карданд…