Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Чу субҳ рояти хуршед ошкор кунад,

Чу субҳ рояти хуршед ошкор кунад, Зи меҳр қиблаи афлок зарнигор кунад. Замона машъалаи қудсиён барафрӯзад, Сипеҳр кисвати рӯҳониён шиор кунад. Хуҷаста хусрави сайёрагон ба толеи саъд Дигар ҳазимати саҳрову кӯҳсор кунад. Чу хайли турк, ки бар лашкари ҳабаш тозад, Чу шоҳи Рум, ки оҳанги Зангбор кунад. Ба захми теғи мамоликситони кишваргир Ҳазор рахна дар ин нилгун ҳисор кунад. Ҷаҳон ҳуроқаи шабро ба таффи гармии субҳ Зи тоби шуълаи хуршед пуршарор кунад. Замона домани афлокро зи лутфи шафақ Ҳазор лолаи навруста дар канор кунад. Сипеҳр иқди сурайё ниҳода бар кафи даст, Бад-он умед, ки дар пойи шаҳ нисор кунад. Сафои субҳ дили ошиқон ба даст орад, Насими боди сабо сози навбаҳор кунад. Расид мавсими Наврӯзу гоҳи он омад, Ки дил ҳавои гулистону лолазор кунад. Сабо фасонаи ҳурони сарвқад гӯяд, Чаман ҳикояти хубони гулъузор кунад. Арӯси гул зи аморӣ ҷамол бинмояд, Ба ноз ҷилвакунон азми ҷӯйбор кунад. Сабоҳ гардану гӯши мухаддароти чаман Зи файзи хеш пур аз дурри шоҳвор кунад. Ҳазор ошиқи дилхастаро ба як нағма Навои булбули шӯрида беқарор кунад Сабо ба ҳар чӣ занад дам ба пеши лолаву гул Ривоят аз нафаси нофаи татор кунад. Зи завқ наргиси тар об дар даҳон орад, Агар нигоҳ дар ин назми обдор кунад. Чинор даст бароварда, рӯзу шаб чун ман Дуои давлати султони комгор кунад. Дар инчунин сара фасле чӣ гӯям он касро, Ки тарки бодаи ҷонбахши хушгувор кунад?! Касе, ки бода нанӯшад, чӣ хушдилӣ бинад? Диле, ки ишқ наварзад, дигар чӣ кор кунад?
Чу субҳ рояти хуршед ошкор кунад, | Шоирон