Омад насиму накҳати гул дар ҷаҳон фиканд,
Омад насиму накҳати гул дар ҷаҳон фиканд,
Булбул зи шавқ ғулғула дар бӯстон фиканд.
Ҳам боди навбаҳор дили ғунча баркушод,
Ҳам бед соя бар сари оби равон фиканд.
Шавқи фурӯғи зулмати гул боз оташе
Дар ҷони зори булбули фарёдхон фиканд.
Сӯфисифат шукуфа бар овози андалеб
Рақсе бикарду хирқа сӯйи боғбон фиканд.
Ранги узори соқию тоби шуои май
Он акс бин, ки бар гулу бар арғувон фиканд.
Ҳайрон бимонд савсани озоди даҳзабон,
То худ кӣ банди хомушияш бар забон фиканд?
То сарви сарфароз тамаввул намуд боз,
Сарҳо ба завқ дар қадамаш метавон фиканд.
Бар сар ниҳод наргиси сармаст ҷоми зар,
Чун чашм боз карду назар дар ҷаҳон фиканд.
Боди баҳору мақдами Наврӯзу бӯйи гул
Ошӯби айш дар дили пиру ҷавон фиканд.
Чун ғунча лаб ба мадҳи шаҳаншоҳ баркушуд,
Абраш ҳазор донаи дур дар даҳон фиканд.
Баҳри нисор домани зар баргирифт гул,
Худро ба базми подшаҳи комрон фиканд…