Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Хушвақт ошиқе, ки даме ёр ёри ӯст,

Хушвақт ошиқе, ки даме ёр ёри ӯст, Хуррам диле, ки дилбари ӯ ғамгусори ӯст. Ман дар миёни хуни ҷигар ғарқа в–ин замон, То кист, он ки мӯниси ӯ дар канори ӯст? Ошиқ равад ба шаҳри касон, лек ҳамчу мо Майлаш ба ҷонибест, ки шаҳру диёри ӯст. Ҳар хастае, ки дур шуд аз пеши ёри худ, Аз шаҳри ёр ҳар кӣ расад, шаҳрёри ӯст. Нақши хаёли қоматаш аз чашми мо талаб, К-он сарви ноз бар тарафи ҷӯйбори ӯст. Мо - он насим, к-ӯ гузаре сӯйи мо кунад, Мо хоки он раҳем, ки бар раҳгузори ӯст. Бисёр хост фитна зи қадди бутон, вале Ин фитна барнахост, ки дар рӯзгори ӯст. Дил боз кай ба синаи маҷрӯҳи мо расад? Мискин асири силсилаи мушкбори ӯст. Номи Убайд кай равад аз ёди аҳли дил, Чун гуфтаҳои нозуки ӯ ёдгори ӯст.
Хушвақт ошиқе, ки даме ёр ёри ӯст, | Шоирон