ТАРҶЕЪБАНД
Вақти он шуд, ки кор дарёбем,
Дар шитоб аст умр, биштобем.
Дидаи ҳирсу оз бардӯзем,
Панҷаи зуҳду зарқ бартобем.
Мо гадоёни кӯи майкадаем,
На муқимони кунҷи меҳробем.
На зи ҷаври замона дар хашмем,
Н-аз ҷафои сипеҳр дар тобем.
На асирони ному номусем,
На гирифтори мулку асбобем.
Бандаи якравони якрангем,
Душмани шайхакони қаллобем.
Гирди кӯи муғон ҳамегардем,
Мутарассид, ки фурсате ёбем,
Бо муғон бодаи муғона хӯрем,
То ба кай ғуссаи замона хӯрем?!
Ҳар кӣ ӯ оҳи ошиқона занад,
Оташ аз оҳи ӯ забона занад.
Ишқ шамъе аз он барафрӯзад,
Шуъла чун бар шаробхона занад.
Май дарояд ба ҷӯшу ҳар қатра
Акси дигар бар остона занад.
Ҳар кӣ з–он бода ҷуръае бичашид,
Лофи мастии ҷовидона занад.
Бандаи он дамам, ки бо соқӣ
Шоҳиди мо дам аз чамона занад,
Бо ҳарифе се-чор, к-аз мастӣ
Ин кунад рақсу он чағона занад.
Хез, то пеш аз он ки мурғи саҳар
Боли заррин ба ошёна занад
Бо муғон бодаи муғона хӯрем,
То ба кай ғуссаи замона хӯрем?!
Ақл бо рӯҳ худситоӣ кард,
Ишқ бо ҳар ду подшоӣ кард.
Аз паси парда ҳусн бо сад ноз
Чеҳра бинмуду дилрабоӣ кард.
Ногаҳон илтифоти ишқ бидид,
Ғарра шуд, даъвии худоӣ кард.