10. Хитоби маъшуқ ба қосид
Чу зулфи хештан ногаҳ барошуфт,
Битундиду дар он ошуфтагӣ гуфт:
Бад-он ранҷуру бедармон бигӯед,
Бад-он маҷнуни бесомон бигӯед:
Чу савдо дорӣ, эй девона, дар сар,
Зи сар савдои мо бигзору бигзар.
На кори туст ин найрангсозӣ,
Сари худ гир, то сар дарнабозӣ.
Куҷо ёбӣ зи васлам рӯшноӣ,
Парӣ бо дев кай кард ошноӣ?
Гадое бо шаҳе ҳамдӯш кай шуд?
Гиё бо сарв ҳамоғӯш кай шуд?
Туӣ парвона, ман шамъи дилафрӯз
Куҷо бар шамъ шуд парвона пирӯз?
Дилат гар моҷарои ишқ варзад,
Дарунат гар ҳавои ишқ варзад.