Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

9. Пайғом расонидани қосид

Замири поки он мурғи сухансоз, Чу ин афсона кардам пешаш оғоз, Шуд аз ҳоли дили пурдардам огоҳ, Чу оташ гашту шуд бо бода ҳамроҳ. Ба хилватгоҳи он ороми ҷон рафт, Ба устодӣ зи ҳар чашме ниҳон рафт. Ба ӯ аз ҳар даре афсона мегуфт, Ҳикоят хубу устодона мегуфт. Зи ман ҳар дам ғаме тақрир мекард, Зи дарёе наме тақрир мекард. Чу рамзе з-ин ҳикоят ёд кардӣ, Суманбар з-ин сухан фарёд кардӣ. Ба санъат з-ин сухан дурӣ намудӣ, Бад-ӯ оини мастурӣ намудӣ.
9. Пайғом расонидани қосид | Шоирон