Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

5. Арзи шавқ

Шабе шавқам шабехун бар сар овард, Зи ғам дар пойи дил ҷӯше баровард. Танам зуннори габрон дар миён баст, Дили шӯрида шӯре дар ҷаҳон баст. Ба куллӣ аз хирад бегона гаштам, Чу афюнхӯрдагон бегона гаштам. Чу зулфаш беқарорӣ пеша кардам, Фиғону оҳу зорӣ пеша кардам. Зи мижгон ашки хунин мефишондам, Ба обе оташи дил менишондам. Намеосудам аз фарёду зорӣ, Наметарсидам аз дашному хорӣ. Хурӯшам гӯши гардун хира мекард, Ҳаворо дуди оҳам тира мекард. Паёпай заҳри ҳиҷрон мечашидам, Қалам бар ҳастии худ мекашидам. Ҳамеша гирди манзилгоҳи ёрам Тавофи Каъбаи ҷон буд корам. Замирам бо хаёлаш роз мехонд, Ба сӯз ин байтҳоро бозмехонд…