Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

4. Сухан дар ишқ

Нахустин рӯз, к-ин чашми балокаш Маро аз ишқи ӯ дар ҷон зад оташ, Дил аз ҷону ҷавонӣ баргирифтам, Умед аз зиндагонӣ баргирифтам. Чунон дар ишқи ӯ девона гаштам, Ки дар девонагӣ афсона гаштам. Хирад мегуфт, к-эй мадҳуши бемор, Ғамашро дар миёни ҷон нигаҳ дор! Агар дил медиҳӣ, боре бад-ӯ деҳ! Ба ҳар хорӣ, ки ояд, дил фурӯ деҳ! Гаҳе чун шамъ меафрӯз аз ишқ, Чу парвона гаҳе месӯз аз ишқ. Диле к-ӯ бо буте ишқе наварзад, Махонаш дил, ки ӯ чизе наярзад. Надонад, ҳар кӣ ӯ шавқе надорад, Ки дил бе ошиқӣ завқе надорад. Чаро ҷуз ишқ чизе парварад дил? Агар сӯзе набошад, бифсурад дил. Мабод он дил, ки ӯ сӯзе надорад, Ҳавои маҷлисафрӯзе надорад. Бирав, дар ишқбозӣ сар барафроз! Ба кӯи ишқ ному нанг дарбоз! К-аз ин беҳтар хирадро пешае нест В-аз ин беҳ дар ҷаҳон андешае нест. Шунидам панду дил дар ишқ бастам, Чу мадҳушон зи ҷоми ишқ мастам. Ба дасти ишқ додам мулки ҷонро, Салои ишқ дардодам ҷаҳонро. Дигар дар доми ишқ андохтам дил, Шудам омоҷи меҳнат, сохтам дил. Аз ин пас Каъбаи ман кӯи ӯ бас, Маро меҳроби ҷон абрӯйи ӯ бас.
4. Сухан дар ишқ | Шоирон