3. Ғазал: Хами абрӯйи ӯ дар ҷонфизоӣ
Хами абрӯйи ӯ дар ҷонфизоӣ
Тирози остини дилрабоӣ.
Худо аз лутфи маҳзаш офаридаст,
Ба ном Эзид, зиҳӣ лутфи худоӣ!
Ба ғамза чашми масташ кард пайдо,
Русуми мастиву сеҳрозмоӣ.
Зи кӯи ӯ ғуборе, к-оварад бод,
Кунад дар чашми ҷонҳо тутиёӣ.
Убайд, ӯ подшоҳи дилбарон аст,
Бирав пешаш гадоӣ кун, гадоӣ!